21:59 17 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.68
  • RUB0.14
Рамазон Раҳимзода бо шоҳзодаи араб мулоқот кард

Шоҳзодаи араб ба Раҳимзода гуфт, ки якҷо бо кадом ҷиноятҳо мубориза хоҳанд бурд

МВД РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
303 0 0

2 ноябр дар бинои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мулоқоти вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода ва вазири умури дохилии Арабистони Саудӣ шоҳзода Абдулазиз ибни Сауд оли Сауд баргузор гардид

ДУШАНБЕ, 03 ноя — Sputnik. Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо вазири умури дохилии Арабистони Саудӣ Абдулазиз ибни Сауд оли Сауд, сафири фавқуллода ва мухтори Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдулазиз Моҳаммад Ал-Бодӣ ва диар намоядагони кишвар дидор ва мулоқот кард.

Тавре дафтари матбуоти ВУД иттилоъ медиҳад, Рамазон Раҳимзода изҳор доштааст, ки сафари ҳайъати Арабистон ба Тоҷикистон ба ҳамкориҳои оянда заминаи дигаре мегузорад.

"Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо пешгирии қонуншиканӣ, ошкор намудани ҷинояткорӣ ва дастаҷамъона мубориза бурдан бо ҷинояткорон мебошад", - гуфтааст вазир.

"Баҳри решакан намудани гурӯҳҳои террористиву ифротгароӣ, ҷинояткорӣ, бахусус ҷиноятҳои трансмиллӣ аз қабили қочоқи ғайриқонунии маводи нашъаовар дар ҳамбастагӣ мубориза хоҳем бурд", - изҳор доштааст дар посух шоҳзодаи араб.

Меҳмонон таъкид кардаанд, ки омоданд ҳамкориҳои худро бо Тоҷикистон тақвият бахшанд.

Ёдрас мешавем, пештар Абдулазиз ибни Сауд оли Сауд бо раисҷумҳури Тоҷикистон мулоқот карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ