Паёми Рамазон Қодиров дар Рӯзи ягонагии мардуми Русия

© Sputnik / Саид ЦарнаевГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рамазон Қодиров, раисиҷумҳури Чеченистон, сокинони Русияро бо Рӯзи ягонагии мардум, ки ҳамасола 4 ноябр таҷлил мегардад, шодбош гуфт

ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Қодиров дар паёми шодбошияш дар шабакаи Telegram таъкид намуд, ки ягонагӣ ва ризоияти мардум аҳамияти беандоза барои суботи сиёсӣ, иқтисодӣ ва низомӣ доранд.

“Имрӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳо – Рӯзи ягонагии мардум аст. Ман сидқан ҳамаи русиягиҳоро табрик карда, сулҳ, субот ва рушдро таманно дорам”, - навиштааст Қодиров.

Шествие и митинг Мы едины! в честь Дня народного единства - Sputnik Тоҷикистон
Таҷлили 4 ноябр – Рӯзи ягонагии мардум дар Русия

“Бунёди шаҳрҳои муосир, шоҳроҳҳо, тавлиди беҳтарин маҳсулот дар ҷаҳон наметавонанд наҷотбахш бошанд, агар мардум атрофи аҳдофи муштарак ва роҳҳои расидан ба он муттаҳид набошанд”, - изҳор боварӣ намудааст раисиҷумҳури Чеченистон.

Рӯзи ягонагии мардум дар Русия соли 2005 ҳамчун иди расмӣ қабул гардид. Ин сана барои гиромидошти ҳаводиси соли 1612, замоне, ки мардум таҳти роҳбарии Кузма Минин ва княз Дмитрий Пожарский Маскавро аз истилогарони поландӣ озод карданд, қайд мегардад.

Ин рӯзро дар Русия бо барномаҳои фарҳангӣ – маърифатӣ ва ҳамоишу роҳпаймоиҳо таҷлил мекунанд. Бар асоси назарпурсӣ, ки РИА Новости миёни ходимони сиёсию ҷамъиятӣ гузарондааст, аксаран Рӯзи ягонагии мардумро аз муҳимтарин санаҳо дар таърихи Русия хонда, таъкид намудаанд, ки феълан ягонагии мардум беш аз ҳар вақти дигар зарур мебошад.

Мусоҳибон изҳор доштаанд, ки барои оммавӣ кардани Рӯзи ягонагии мардум дар Русия бояд чораҳои  бештар андешида шаванд.

Лентаи хабарҳо
0