13:39 14 ноябри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.60
  • RUB0.14
Портфель, архивное фото

Шодбошии президент ба сафири навтаъини тоҷик дар Олмон

© Sputnik / Владимир Федоренко
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
260 0 0

Сафири навтаъини Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо ба раисҷумҳури Олмон Эътимоднома супорид

ДУШАНБЕ, 6 ноя — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо ба раисҷумҳури Олмон Франк-Валтер Штайнмайер эътимоднома супорид ва бо ӯ мулоқот кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон Соҳибназар Ғайратшо 5 ноябр Эътимодномаи худро ба Президенти Федеролии Ҷумҳурии Федеративии Олмон ҷаноби Франк-Валтер Штайнмайер супорид", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Вазорати умури хориҷа афзудааст, сафири тоҷик бо раисҷумҳури Олмон мулоқот карда, масоили ҳамкории кишварҳоро баррасӣ намуданд.

"Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон, ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо, инчунин ҳамкории ҳар ду кишвар дар доираи созмонҳои байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд", - омадааст дар хабар.

Франк Валтер Штайнмайер Сафирро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш табрик намуда, ба ӯ дар таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Германия комёбиҳо орзу намуд.

Ёдрас мешавем, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мобайнҳои моҳи сентябр бо тасвиби як фармон Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшоро ба ҷои Маликшо Неъматов дар Олмон сафири фавқуллода ва мухтор таъин карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ