20:02 16 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.71
  • RUB0.15
Махмадсаид Убайдуллоев с госпожой послом представительства ЕС Мэрилин Йосефсон

Хонум Мэрилин бо пироҳани атлас ба мулоқоти Убайдуллоев рафт

© Верхняя палата парламента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
410 0 0

Раиси Маҷлими миллии Тоҷикистон аз Сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо хостори ҷудо кардани бурсияҳои бештар барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар Итиҳоди Аврупо шуд

ДУШАНБЕ, 21 ноя — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо хонум Мэрилин Йосефсон мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти маҷлис.

Хонум Мэрилин Йосефсон ба мулоқот бо Маҳмадсаид Убайдуллоев бо пироҳани адрас ҳозир шудааст.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси маҷлис қайд кардааст, "мо барои идомабахшии барномаи нави бисёрсолаи Иттиҳоди Аврупо, ки соли 2020 оғоз меёбад, ҳамраъй буда, умедворем, ки он бахшҳои муҳими иқтисоди моро низ фаро хоҳад гирифт".

Убайдуллоев бо сафир масоили таъмини сулҳу субот дар Афғонистон, пешгирии терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаоварро баррасӣ кардааст.

"Бо инобати дар сарҳади ҷанубии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ҷойгир будани кишвари мо, масъалаи тақвияти пайвастаи ҳифзи сарҳади Тоҷикистон ва бо ин мақсад баҳри бо таҷҳизоти муосири техникии сарҳадбонӣ ва таъмини шароитҳои моддию фаннии сарҳадбонон сафарбар кардани имкониятҳои инноватсионию муосири кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо амри воқеӣ мебошад", - изҳор доштааст раиси маҷлиси миллӣ.

Манбаъ меафзояд, Убайдуллоев ҳамчунин хостори ба роҳ мондани ҳамкориҳои гуногунҷабҳаро дар бахшҳои  иқтисоду тиҷорат, илму фарҳанг, технологияҳои инноватсионӣ, соҳаи сайёҳӣ шудааст.

"Маҳмадсаид Убайдуллоев хостори ҷудо намудани бурсияҳои бештар барои таҳсил ва такмили малакаи касбии мутахассисони тоҷикистонӣ дар донишкадаю донишгоҳҳои Аврупо шуда, изҳор дошт, ки барои рушди бефосилаи ҳамкориҳои минбаъдаи байнипараламентӣ, мо омода ҳастем тадбирҳои судовар андешем", - гуфта мешавад дар иттилоия.

Сафири намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон барои пазироии самимӣ аз раиси маҷлиси миллӣ сипосгузор шуда, изҳор доштааст, ки баҳри тақвияти ҳамкорӣ бо Тоҷикистон омода аст.

Мавзӯъҳои асосӣ