12:00 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Министр МВД РТ Рамазон Рахимзода, архивное фото

Раҳимзода ба котиби кулли "Интерпол" чӣ гуфт?

© Sputnik / Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
284 0 0

"Яке аз масъалаҳои муҳим ин дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта буд, ки дар меҳвари вохӯрӣ қарор гирифт"

ДУШАНБЕ, 22 ноя — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз Мулоқоти судманди вазири умури дохила Рамазон Раҳимзода бо котиби кулли “Интерпол” Юрген Шток хабар додааст.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рафти 87-умин ҷаласаи Ассамблеяи генералии “Интерпол” дар шаҳри Дубайи генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода бо котиби кулли “Интерпол” Юрген Шток мулоқот доир намуд.

"Яке аз масъалаҳои муҳим ин дастгир намудани ҷинояткорони дар ҷустуҷӯ қарордошта буд, ки дар меҳвари вохӯрӣ қарор гирифт", - менависад манбаъ.

Ҳамчунин масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм, ҳамкорӣ ва кӯмаки “Интерпол” ба Бюрои Миллии Марказии “Интерпол”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ин дар ҳолест, ки мулоқоти ахири Раҳимзода бо Юрген Шток моҳҳои июл дар Боку сурат гирифта буд.

Он замон низ ҷонибҳо ҷустуҷӯи шахсонеро, ки дар кофтукоби байналмилалӣ қарор доранд, баррасӣ карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ