13:51 15 декабри 2018
Пахши мустақим
  • USD9.42
  • EUR10.64
  • RUB0.14
Ҷамолиддин Убайдулло, сафири навтаъин дар Итолиё ба Стефано Занинӣ, масъули Вазорати умури хориҷии Итолиё нусхаи эътимоднома супурд

Ҷамолиддин Убайдулло ба Стефано Занинӣ нусхаи эътимоднома супурд

сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
91 0 0

Ҷамолидддин Убайдулло, сафири навтаъини Тоҷикистон дар Итолиё ба Стефано Занинӣ, муовини сардори Раёсати ташрифоти Вазорати умури хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии ин кишвар нусхаи эътимодномаи худро супурд

ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik.Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, сафири навтаъин дар Итолиё, ки иқоматгоҳаш дар шаҳри Париж мебошад, эътимодномаи худро 4 декабр супорид.

Манбаъ афзуд, ки зимни ин мулоқот Стефано Занинӣ, Ҷамолиддин Убайдуллоро ба муносибати ба ин вазифа таъйин гардиданаш шодбош гуфта, ба ӯ барои амалӣ намудани рисолати дипломатӣ комёбиҳо орзу намуд.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон илова намуд, ки дар рафти мулоқот ҷонибҳо дар бораи масъалаҳои мубрами ҳамкории дуҷониба  мубодилаи афкор намуда, баргузории нахустин машваратҳои сиёсӣ миёни ду кишварро, ки қаблан дар шаҳри Душанбе доир гардида буд, руйдоди муҳим дар ҳамкориҳои тарафайн хондаанд.

Ҷамолиддин Убайдулло, писари Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон мебошад, ки қаблан роҳбарии раёсати кишварҳои Урупо ва Амрикои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистонро ба уҳда дошт ва моҳи январи соли равон сафир дар Фаронса таъин шуд. Ӯ бо як фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон моҳи октябри соли равон инчунин сафир дар Итолиё таъин гардид.

Мавзӯъҳои асосӣ