Рустам Эмомалӣ аз 11 моҳи фаъолияташ ҳисобот медиҳад

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанЭмомали Рахмон и Рустам Эмомали открыли больницу, архивное фото
Эмомали Рахмон и Рустам Эмомали открыли больницу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, 18 декабри соли 2018, соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 8 дек — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ вакилини шаҳрро ба иҷлосия даъват кард. Дар ин бора қарори вижаи шаҳрдор ба имзо расидааст.

Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум, 18 декабри соли 2018, соати 9:00 дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар маҷлис Ҳисоботи шаҳрдор аз натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ дар 11 моҳ шунида мешавад.

Ҳамчунин дар маҷлис масоли тасдиқи буҷаи Душанбе дар соли 2019, тағйир додани сарҳади шаҳри Душанбе ва тасдиқи қарорҳои раиси шаҳр барасӣ мешавад.

""Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум тибқи замимаи 2 аз 3 то 14 декабри соли 2018 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати панҷум пешниҳодҳои мушаххасро манзур намоянд", - гуфта мешавад дарқарори раиси шаҳр.

Лентаи хабарҳо
0