21:23 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Душанбе, акс аз бойгонӣ

Мақомдори Узбакистон: Тоҷикистон ба “Silk visa” таваҷҷуҳ дорад

© Sputnik / Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
339 0 0

Қазоқистону Узбакистон ният доранд, ки раводиди муштараки “Silk visa”-ро аз моҳи феврали соли оянда роҳандозӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 24 дек – Sputnik. Улуғбек Қосимхоҷаев, иҷрокунандаи вазифаи муовини аввали раиси Кумитаи сайёҳии Узбакистон гуфт, интизор меравад, ки моҳи феврали соли 2019 “Silk visa” бо Қазоқистон мавриди амал қарор гирад.

Қосимхоҷаев зимни мулоқот бо рӯзноманигорон изҳор доштааст, ки “Silk visa” бо тамоми ниҳодҳои дахлдор мувофиқа шудааст ва ҳадафи он ҷалби бештари сайёҳон ба минтақа мебошад, иттилоъ додааст РИА Новости.

Мақомдори Узбакистон афзудааст, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон низ барои пайвастан ба “Silk visa” таваҷҷуҳ кардаанд.

Ҷониби Қазоқистон ният дорад, ки ба ин тарҳ Туркия ва Озарбойҷонро низ ҷалб намояд.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Олим Салимзода, раиси Кумитаи корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти парлумони Тоҷикистон ин ташаббусро хеле ҷолиб арзёбӣ карда, изҳори боварӣ намуда буд, ки Ҳукумат ва парлумони кишвар аз ин иқдом ҷонибдорӣ хоҳанд кард.

Олим Салимзода гуфт,  Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори чунин ташаббусҳо барои ҳамгироӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.

Дар сурати татбиқи ин ташаббус сайёҳон метавонанд бо як раводид аз тамоми кишварҳои минтақа дидан намоянд.

Қаблан Дарига Назарбоева, духтари раисиҷумҳур ва мақомдори Сенати ин кишвар ба Узбакистон пешниҳод карда буд, ки чунин як "раводиди абрешимӣ" ташкил карда шавад. Ӯ ҳадафи пешниҳодашро ҳавасмандгардонии сайёҳон аз хориҷи дур ба минтақаи Осиёи Марказӣ гуфта буд. 

Мавзӯъҳои асосӣ