21:21 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон с супругой на горнолыжном курорте Сафед-Дара

Эмомалӣ Раҳмон Соли навро чигуна ҷашн мегирад?

© Официальный сайт президента Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
433 0 0

Бештари раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи марказӣ соли навро дар ҳалқаи пайвандон ҷашн мегиранд. Раисҷумҳури Тоҷикистон бошад, дар соли 2016 дар арафаи Соли нав бо ҳамсараш Азизамоҳ Асадуллоева пас аз роҳандозии бунгоҳи лағжасавории “Сафеддара” бо барфрав барфсаворӣ карда буд. Аммо раисҷумҳур соли навро дар ҳалқаи фарзандону наберагонаш ҷашн гирифт

ДУШАНБЕ, 27 дек - Sputnik. Дар арафаи соли нави 2019 хабаргузории "Коммерсант"-и Русия дар гузорише дар бораи соли нави раисҷумҳурони кишварҳои Осиёи марказӣ навишт.

Раисҷумҳурони кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ соли навро асосан дар ҳалқаи пайвандонашон таҷлил мекунанд.

Чунончӣ, раисҷумҳури Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба тамоми барномаҳои расмии солинавӣ наберааш Каримгулиро бо худ мегирад. Ҳатто онҳо чанде пеш таронаи навиштаи Каримгулиро якҷоя суруда буданд.

Раисҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев низ доим Соли навро бо пайвандону наздиконаш таҷлил мекунад.

"Тамоми пайвандон фарзандону наберагон ва аберагон ҷамъ мешавем. Соли навро дар Алмаато дар хонаи волидон таҷлил мекунем.  Мо ҳам мисли ҳама оилаи одӣ ҳастем. Модарам ҳатман дар шаби Соли нав хӯроки миллӣ - бешбармоқ омода мекунад", - нақл мекунад духтари раисҷумҳур Назарбоева Дагира.

Бино бар иттилои Sputnik Узбекистон раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев соли гузашта Соли навро дар ҳалқаи пайвандонаш таҷлил карда буд. Нақшаҳои раисҷумҳур барои таҷлили ҷашн дар ин сол ҳоло маълум нест.

Сооронбой Жээнбеков, раисҷумҳури Қирғизистон низ аз ин феҳрист берун нест. Вай бори аввал дар симати президент соли нави 2018-ро пешвоз гирифта буд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бошад, дар дар соли 2016 дар арафаи Соли нав бо ҳамсараш Азизамоҳ Асадуллоева пас аз роҳандозии бунгоҳи лағжасавории “Сафеддара” бо барфрав барфсаворӣ карда буд. Аммо раисҷумҳур шаби 31-уми декабр ба 1-уми январ ҳатман дар ҳалқаи дӯстонаш интизори фарорасии соли нав мешавад.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)

Мавзӯъҳои асосӣ