21:26 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, акс аз бойгонӣ

Иттифоқчӣ: Кремл паёми Путин ба Эмомалӣ Раҳмонро нашр кард

© Sputnik / Алексей Куденко
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
973 0 0

Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия ба муносибати фарорасии Соли нав ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон паёми шодбошӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Кремл, Путин дар паёмаш ба Эмомалӣ Раҳмон аз густариши босуръати ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар фазои шарикии стратегӣ ва иттифоқчигӣ тавсиф кардааст.

Путин изҳори боварӣ кардааст, ки кори муштаракаш бо Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими ҳамкориҳо дар бахши сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва бахшҳои дигар муваффақ хоҳанд буд.

Раисиҷумҳури Русия таъкид намудааст, ки тамоми масоил ба манфиати ду халқи дӯст ва амнияти тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ ҳал мешаванд.  

Паёми Путин дар ҳолест, ки рӯзи 29 декабр Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои русиягияш суҳбати телефонӣ анҷом дода, зимни табодули табрикот ҳамкориҳои ду кишварро баррасӣ кардаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ