21:42 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Бинои парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Вакилон ба мулоқот бо мардум мераванд

© Sputnik / Руслан Кривобок
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
104 0 0

Вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо сафари даҳрӯза барои мулоқот бо мардум хоҳанд рафт

ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, вакилони мардумӣ аз 7 январи соли равон ба навоҳии ВМКБ, Суғд, Хатлон ва шаҳру навоҳии тобеи марказ хоҳанд рафт.

Манбаъ афзуд, сафари вакилон 10 рӯз давом карда, тайи ин муддат онҳо ба мардум паёми солонаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро тавзеҳ хоҳанд дод.

Инчунин дар назар аст, ки вакилон аз санаду қонунҳои қабулкардаашон суҳбат кунанду назари мардумро шунаванд.

Ин сафар дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон гилаҳо аз камфаъолиятии вакилон ва шинохта набуданашон дар миёни мардум зиёд садо медиҳанд.

Мавзӯъҳои асосӣ