08:45 26 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон ва Қоҳир Расулзода, акс аз бойгонӣ

Қарори Эмомалӣ Раҳмон барои омодагӣ: роҳбарони 27 давлат ба Тоҷикистон меоянд

© Sputnik Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
4218 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишварро масъули асосии ташкили мулоқоти роҳбарони даҳҳо кишвари Осиё дар Душанбе таъин кард

ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik.  Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумуҳури Тоҷикистон бо имзои як қарори Ҳукумат кумитаи махсуси ташкилиро таъсис дод, ки масъули баргузории мулоқоти кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад.

Бар асоси қарори мазкур, ҳамоиши сарони кишварҳои узви ин созмон, ки феълан ҳудуди 27 аъзо дорад, соли равон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Қоҳир Расулзода, раиси кумитаи ташкилӣ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ, муовин раиси кумитаи мазкур ва мақомдорони дигари кишвар ба ҳайати аъзо шомил шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, масъулинро муваззаф кардааст, ки тамоми масоили ташкилӣ, аз ҷумла хароҷоти марбут ба баргузории мулоқоти сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиёро ба Ҳукумат пешниҳод кунанд ва худи ҳамоиш дар сатҳи баланд баргузор карда шавад.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ташаббуси Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта, дафтари марказияш дар Остона мебошад.

Ин созмон 27 кишвари узв, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам ва ғайраро дар бар мегирад. Ниҳоди олии тасмимгирандаи созмон ҳамоиши сарони кишварҳои узв мебошад, ки дар чор сол як бор баргузор мегардад.

Роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашта, феълан намояндаи Тоҷикистон, Ҳабиб Мирзозода, мудири иҷроияи МҲТБО мебошад.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)

Мавзӯъҳои асосӣ