Ким Чен Ин Эмомалӣ Раҳмонро бо Соли нав табрик кард

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкГлава КНДР Ким Чен Ын во время военного парада, архивное фото
Глава КНДР Ким Чен Ын во время военного парада, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Роҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ба сарони беш аз 20 кишвари дунё барқияи шодбошӣ ирсол кард

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Роҳбари Ҷумҳурии мардумии демократии Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ин ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Соли нави куриёӣ барқияи шодбошӣ ирсол кардааст. Дар бора расонаҳои Кореяи Шимолӣ хабар медиҳанд.

Бино бар иттилои манобеъ, Ким Чен Ин ба роҳбарони бештар аз 20 кишвари дунё ба ин муносибат барқияи шодбошӣ ирсол кардааст.

Раисҷумҳури Русия дар сархатти номгӯи сарони кишварҳое меистад, ки роҳбари Кореяи Шимолӣ шодбош гуфтааст. Ҳамчунин барқияи шодбошӣ ба унвони раисҷумҳури Белорус, Озарбойҷон, Туркманистон, Сурия, Миср, Таиланд, Покистон, Куба ва дабири кулли СММ ирсол гардидааст.

Дар он гуфта мешавад:

Соли нави куриёӣ яке аз ҷашнҳои муҳими Кореяи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ ба ҳисоб меравад ва мувофиқи тақвими қамарӣ таҷлил карда мешавад. Он дар соли 2019 дар Кореяи Шимолӣ 5 феврал таҷлил мешавад. 

Ин ҷашнро куриёҳо се рӯз таҷлил мекунанд ва муҳимтарин ид дар кишвар аст.

Лентаи хабарҳо
0