15:56 20 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ моҳи феврали дар соли 2017 дар шаҳри Давҳа

Раҳмон амири Қатарро ба Тоҷикистон хонд: Душанбе мизбони даҳҳо роҳбари хориҷӣ мешавад

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (220)
869 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ, амири давлати Қатарро ба Душанбе даъват кард

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, даъватномаи Эмомалӣ Раҳмонро сафири Тоҷикистон дар Қатар Хисрав Соҳибзода ҳангоми мулоқот бо котиби генералии Вазорати умури хориҷии Қатар доктор Аҳмад Ҳасан ал-Ҳамодӣ тақдим кард.

Манбаъ афзуд, Эмомалӣ Раҳмон амири Қатарро барои иштирок дар нишасти панҷуми сарони кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО), ки моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе доир мегардад, даъват намудааст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, бо имзои як қарори Ҳукумат кумитаи махсуси ташкилиро таъсис дод, ки масъули баргузории мулоқоти кишварҳои узви Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё мебошад. Бар асоси қарори мазкур, ҳамоиши сарони кишварҳои узви ин созмон, ки феълан ҳудуди 27 аъзо дорад, соли равон дар Тоҷикистон баргузор хоҳад шуд.

Қоҳир Расулзода, раиси кумитаи ташкилӣ, Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷӣ, муовин раиси кумитаи мазкур ва мақомдорони дигари кишвар ба ҳайати аъзо шомил шудаанд.

Эмомалӣ Раҳмон, масъулинро муваззаф кардааст, ки ҳамоиш дар сатҳи баланд баргузор карда шавад.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ташаббуси Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфта, дафтари марказияш дар Остона мебошад.

Ин созмон 27 кишвари узв, аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам ва ғайраро дар бар мегирад. Ниҳоди олии тасмимгирандаи созмон ҳамоиши сарони кишварҳои узв мебошад, ки дар чор сол як бор баргузор мегардад.

Роҳбарӣ дар Машварати ҳамкорӣ  ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё тирамоҳи соли 2018 аз Чин ба Тоҷикистон гузашта, феълан намояндаи Тоҷикистон, Ҳабиб Мирзозода, мудири иҷроияи МҲТБО мебошад.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (220)

Мавзӯъҳои асосӣ