14:56 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Александр Мантитский, сафири Русия дар Афғонистон

Афғонистон аз диди сафири Русия: аз нияти Маскав то нақши Покистону талаби "Толибон"

Посольство РФ в Исламской Республике Афганистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
82 0 0

Александр Мантитский, сафири Русия дар Афғонистон зимни мусоҳиба диди кишварашро барои ҳалли буҳрон дар Афғонистон баён дошт

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Мантитский аз ҷумла дар бораи иштибоҳи стратегияи ИМА дар мавриди Афғонистон, зарурати гуфтушунид бо Толибон ( созмони мамнуъ дар Тоҷикистон - идора), суди созмони террористии “ДОИШ” аз даргириҳо, нақшу ниятҳои Покистон ва паҳлуҳои дигари буҳрони Афғонистон суҳбат кард:

Вазъ дар Афғонистон ва натиҷаи ҳузури 17-солаи низомиёни ИМА-ро дар кишвар чигуна арзёбӣ мекунед?

Тайи қариб ду даҳсола, сарфи назар аз ҳузури нерӯҳои эътилофи байналмилалӣ сулҳ дар Афғонистон ҳосил нашуд. Даргирии мақомот бо мухолифини мусаллаҳ идома дорад, нукоти фаъолияти созмонҳои террористӣ бештар шудаанд, тавлиди маводи мухаддир афзоиш ёфтааст.

Феълан воҳидҳои низомии ИМА ва кишварҳои НАТО дар Афғонистон вазъи низомиро аз фурӯрезӣ ҳифз карда истодаанд, аммо ин барои ҳалли мухолифати байни афғонҳо мусоидат накарда истодааст.

Истифодаи зӯрӣ алайҳи мухолифини мусаллаҳ самараи дилхоҳ надод ва вазъ дар майдони ҷанги Афғонистон як бунбастеро монанд аст, ки ягон ҷониби даргир – на Ҳукумат ва на Толибон бартарии ҳалкунандаро наметавонанд ба даст оранд. Аз ин вазъ қаноти афғонистонии “ДОИШ” (созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва кишварҳои дигар-идора)  истифода карда, ҳузурашро дар кишвар таҳким бахшида истодааст. Бар асоси гузоришҳои гуногун айни ҳол дар Афғонистон аз 3,5 то 10 ҳазор ҷангҷӯи “ДОИШ” қарор доранд. Террористҳо аллакай пойгоҳҳои омодасозӣ,  нуқтаҳои ташвиқотӣ ва шабакаи масҷидҳои таҳти назоратро дар ихтиёр доранд. Вазъи амниятӣ дар Афғонистон бадтар шуда истодааст. Дар чунин шароит зарурати роҳандозии муколамаи мусолиматомези дохили Афғонистон аён аст.

Миёни Афғонистон, Покистон ва ИМА айни ҳол чӣ мегузарад?

Муносибот бо Покистон аҳамияти аввалиндараҷа барои ҳалли даргирии мусаллаҳона дар Афғонистон доранд. Сафари сентябрии вазири умури хориҷии Покистон, Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ баёнгари азми қавии ҳукуматдорони нави Покистон барои беҳбуди муносибот бо Кобул буд. Исломобод дар ин бахш чанд иқдом кард. Мувофиқасозии дастурамали муштараки Покистону Афғонистон барои таҳкими сулҳу ҳамраъйӣ,  мулоқотҳои дуҷониба барои ҳалли мушкилоти мушаххас, лағви ду баробар боло бурдани боҷи воридотӣ барои молҳои Афғонистон ва ду баробар зиёд шудани содироти мол аз Афғонистон ба Покистон аз ҷумлаи ин иқдоманд.  

Албатта масоили ҳалнашуда – марз, ҳузури садҳо ҳазор гурезаи афғонистонӣ дар Покистон ва ғайра ҷой доранд, аммо сарфи назар аз ин ҷониби Покистон омодагияшро барои муколама нишон дода истодааст.

Дар мавриди ИМА, инро мегӯям, ки дар стратегияи нави амрикоии марбут ба Афғонистон, зарурати фишор ба Исломобод, аз ҷумла фишори молиявӣ қайд шудааст, то Покистон водор ба мавқеъгирии ба фикри ИМА созанда нисбати даргирии Афғонистон шавад.  Русия ҳамеша корношоям будани чунин бархӯрдро таъкид мекард, чун иқдоми якҷониба бе назардошти манофеи бозигарони минтақавӣ самара намедиҳанд.

Бидуни шак, Покистон метавонад нақши муҳиме дар раванди сулҳи Афғонистон дошта бошад, гарчанде шарики мураккаб дар гуфтушунидҳост, масъулияти асосии мушкилоти Афғонистонро ба сари ин кишвар бор кардан дуруст нест. Муколамаи сиёсӣ бо назардошти манофеи ҳамаи кишварҳои минтақа ягона роҳи ҳалли буҳрони Афғонистон аст.

Гуфтугузорҳо дар мавриди мусолиҳаи Толибон бо Ҳукумати Афғонистон вақтҳои охир зиёд садо медиҳанд. Дар зимн Толибон дар изҳороташон таъкид мекунанд, ки бо Вашингтон ва ё Кобул танҳо баъди берун баровардани нерӯҳои ИМА аз қаламрави Афғонистон музокирот хоҳанд кард. Оё ҳастанд шартҳое, ки Толибон метавонанд дар ин мавқеъгирияшон баъзе гузаштҳо кунанд?  

Масъалаи ҳалли мусолиматомез дар Афғонистон дер боз мавриди баррасӣ қарор дорад, аммо мутаассифона натиҷаҳои амалӣ дар ин бахш то ҳол ба даст наомадаанд. Кобул чанд бор аз Толибон даъват кард, ки мухолифати мусаллаҳонаро хотима диҳанду сари мизи музокирот нишинанд. Аммо Толибон ҳар бор ин пешниҳодро рад карда, шарҳ медоданд, ки мақомдорони Ҳукумати Афғонистонро “бозича”-и дасти дигарон мешуморанд.

Чанд моҳ қабл амрикоиҳо барои Толибон бархе гузаштҳо карда, тамосҳои мустақимро бо дафтари ин ҳаракат дар Доҳа оғоз намуданд. Залмай Халилзод, ки ахиран намояндаи махсуси департаменти давлатии ИМА дар мусолиҳаи Афғонистон таъин гардид, аллакай ду мулоқот бо роҳбарони дафтари Толибон дар Доҳа баргузор намуд. Аммо ин гуфтушунидҳо низ то ҳол умеде ба сулҳ дар ояндаи наздик дар Афғонистон надодаанд.

Ба иттилои мо Толибон низ омодагияшонро барои оғози гуфтушунид ба Ҳукумат баён доштаанд, ба шарте агар амрикоиҳо уҳдадории ҳуқуқиро ба дӯш гиранду ҷадвали берун кардани нерӯҳои низомиро эълон намоянд. Ба фикри мо мавқеъгирии ҳамоҳангшудаи Русия, Чин, Покистон, Ҳинд ва кишварҳои Осиёи Миёна метавонанд ба Толибон таъсири ҷиддӣ расонанд.

Ҳамаи ин кишварҳо ва албатта Афғонистону инчунин ИМА бевосита дар ҳаводиси Афғонистон шомиланд ва иштирокдори муколамаи Маскав мебошанд, ки ҳадафаш ёфтани роҳҳали мусолиматомез барои сулҳи миллӣ дар Афғонистон мебошад.

Мусаллам аст, ки шумо чун дипломат бо ходимони маҳаллии сиёсӣ ва ҷамъиятӣ зиёд иртибот доред. Оё онҳо диди хосе дар мавриди роҳи таъмини сулҳу тартибот дар Афғонистон доранд? Бо кумаки Русия, ИМА ё нерӯи худ?

Албатта, мо робитаҳои густурда дар доираҳои сиёсию ҷамъиятии маҳаллӣ дорем. Яқинан метавон гуфт, ки мардуми Афғонистон аз ҷанг хаста шуда, ниёз ба сулҳ дорад.  Возеҳ аст, ки Ҳукумати мусолиҳаи миллӣ натавонист ба таври комил ҷомеаро ба ҳам орад. Баръакс, афзоиши равандҳои марказгурез дар идораҳои давлатии Афғонистон ва ташкили паймонҳои мухолифинро мушоҳида дорем.  

Калиди ҳалли мушкилот, ин фароҳам овардани фазои эътимод миёни ҷонибҳои даргир ва  доштани иродаи сиёсӣ барои пайдо кардани роҳҳалли мавриди қабули тарафайн мебошад.  

Бисёре аз мусоҳибони мо нақши Маскавро дар ҳалли буҳрони Афғонистон муҳим медонанд. Русия тариқи талошҳои дастаҷамъии шарикони минтақавӣ ва байналмилалӣ мехоҳад барои оғози муколамаи миёни афғонҳо мусоидат кунад.

Мо ҷонибдорем, ки Ҳукумати Афғонистон бо мухолифини мусаллаҳаш бо шароити мақбули тарафайн музокироти созандаро роҳандозӣ намояд.

Умед дорем, ояндаи наздик дар Афғонистон раванди сулҳ оғоз мегардад, ки ба ҷанги бародаркуши бисёрсола дар ин кишвари азиятдида хотима мебахшад.

Соли 2019 аз берун шудани нерӯҳои шӯравӣ аз Афғонистон 30 сол ва аз эътирофи Истиқлолияти Афғонистон аз сӯи Русия 100 сол сипарӣ мешавад. Оё дар ин кишвар ёд доранд, ки Русияи шӯравӣ пеш аз кишварҳои аврупоию он сӯи уқёнус Афғонистони мустақилро баъди озодияш аз империяи Бритониё эътирофу дастгирӣ кард?

Албатта, баъди маъракаи густурдаи тарғиботӣ алайҳи Русия, ки аз ҷониби Ғарб дар тамоми ҷаҳон роҳандозӣ шудааст, гуруҳе аз расонаҳои маҳаллӣ ва сиёсатмадорон низ талош мекунанд аз хотироти мардум он корҳои хайри вобаста ба кишвари моро зудуда кунанд. Сарфи назар аз ин афғонҳо ёд доранд, ки Русия соли 1919 нахустин шуда, Истиқлолияташонро эътироф кард.  Инчунин соли 1919 миёни кишварҳои мо равобити дипломатӣ роҳандозӣ шуд. Барои таҷлили садсолагӣ дар Русия ва Афғонистон чорабиниҳои гуногун тарҳрезӣ гардидаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ