21:19 19 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Президент РФ Владимир Путин

Шӯхии Путин дар бораи мурғ, пул ва ҷойи кораш - Навор

© Sputnik / Алексей Никольский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
480 0 0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин ба зарбулмасали як сокини Тотористон дар бораи буҷаи ҷумҳурӣ посухи шӯхиомезе гуфт

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар посух ба савол дар бораи буҷаи Тотористон бо шӯхӣ посух гуфт.

Рӯзи сешанбе, 12 феврал Путин барои баррасии тарҳи "Манзил ва муҳити шаҳр" ба Қазон парвоз кард.

Дар рафти мулоқот яке аз фаъолони ҷамъиятӣ зарбулмасали машҳури русиро ба ёд овард.

"Мегӯянд, ки дар Тотористони мо мурғҳо пул намечинанд (пул беҳисоб нест-идора)", - гуфтааст вай дар муроҷиат ба Путин.

Путин посух додааст, ки "мурғ умуман пул намечинад".

Дигаре аз Путин дар бораи шуғли дӯстдоштааш чавгонбозӣ ё хоккей пурсон шудааст.

Ба ин савол ҳам раисҷумҳур шӯхиомез посух гуфта, афзудааст, ки ҳоло машғулиятҳои зиёди дигар дорад.

"Ҳоло ҳам хоккейро дӯст медорам... Аммо дертар ба лигаи хокей хоҳам пайваст, зеро ҳоло кори зиёд дорам", - гуфт Путин.

Пештар дар рафти нишасти матбуотии солона раисҷумҳури Русия Владимир Путин гуфта буд, ки баъзан латифа гуфтанро меписандад. Вай дар посух ба саволи сарфи буҷаи давлатӣ барои қувваҳои мусаллаҳ латифаеро ёдрас шуд.

"Писари фармондеҳи собиқ корди падарашро ба соати дастӣ иваз кардааст. Вақте писар ба хона бармегардад, падар аз кордаш мепурсад, ки куҷо шуд. Ахиран мегӯяд, ки бо соат иваз кардааст. Падар оромона аз писараш хоҳиш мекунад, ки соатро ба вай нишон диҳад ва мегӯяд, "соати хуб, офарин. Аммо фардо агар ба хонаамон ҷангиён дароянду маро кушанд, модаратро кушанд ва хоҳаратро таҷовуз кунанд, ту фақат гуфта метавонӣ, ки "шом ба хайр, соат ба вақти Маскав 12:30 дақиқа", - гуфта буд Путин.

Мавзӯъҳои асосӣ