Эмомалӣ Раҳмон: амали террористӣ дар Кашмир ва Ҷаму моро нигарон кард

Обуна шудан
"Ин ҳодисаи даҳшатангез боз ҳам зарурати идомаи муборизаи беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд", - ёдрас мекунад раисҷумҳури Тоҷикистон

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҳиндустон Рам Кхат Кованд барқияи таслият ирсол кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Кишвардори Тоҷикистон дар барқия гуфтааст, ки аз амали интиҳорӣ дар ду иёлати Ҳиндустон сахт нигарон аст.

"Хабари амали террористӣ дар иёлоти Ҷаму ва Кашмири Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки мӯҷиби ҳалокати 45 нафар кормандони мақомоти қудратӣ ва захмӣ шудани даҳҳо шаҳрвандон гардидааст, моро андӯҳгин намуд", - гуфтааст Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳур ёдрас кардааст, ки ҳодисаи даҳшатангез боз ҳам зарурати идомаи муборизаи беамони аҳли башарро алайҳи терроризм қотеъона таъкид менамояд.

"Бо изҳори таъзияву тасаллият ба мардуми дӯсти Ҳиндустон хоҳишмандам, ки ҳамдардии амиқи моро ба наздикони қурбониён бирасонед. Ба маҷрӯҳшудагон шифои комил ҳоҳонем", - омадааст дар барқияи таслияти раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдрас мешавем, ахиран дар пайи як амали интиҳорӣ дар ду иёлати Ҳиндустон 45 нафар ҳалок шуда, даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Лентаи хабарҳо
0