Ҳушдори ВУХ Русия аз роҳёбии мармузи ҷангиёни “ДОИШ” ба Афғонистон

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкЗаместитель министра иностранных дел России Михаил Богданов, архивное фото
Заместитель министра иностранных дел России Михаил Богданов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Михаил Богданов, муовини вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, ҷангиёни “ДОИШ” бо шеваҳои норӯшан ба Афғонистон роҳ ёфта истодаанд

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Богданов дар Маскав роҳёбии ҷангиёни “ДОИШ” бо шеваҳои номаълум ба Афғонистонро таҳдид ба кишварҳои узви СПАД хонд, хабар додааст РИА Новости.

Встреча глав государств ЦА, в Астане - Sputnik Тоҷикистон
"Иттиҳоди мо зидди касе нест": сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Тошканд мулоқот мекунанд

Ӯ гуфтааст, ин ҳолат хатари интиқоли даргирӣ аз Ховари наздик ба қаламрави кишварҳои собиқ шӯравиро бештар мекунад.

Қаблан Игор Зубов, муовини вазири умури дохилии Русия гуфт, чархболҳои ношинос аз Покистон ба наздикии марз бо Тоҷикистон ҷангҷӯёни созмони террористии “ДОИШ”-ро интиқол медиҳанд

“Зоҳиран он ҷо тавтеаи густурдае тарҳрезӣ шуда истодааст ва эҳтимоли тела додани теъдоди зиёди гурезаҳо ба сӯи Русия бо тамоми пайомадҳояш ҷой дорад”, - изҳор дошта буд Зубов.

Аммо мақомоти тоҷик изҳор доштанд, ки вазъи кишвари ҳамсояро пайгирӣ доранд. Дар изҳороти қаблии ҷониби Тоҷикистон Дар изҳороти ҷониби Тоҷикистон таъкид шудааст, ки қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон рӯйдодҳо дар марзи Тоҷикистону Афғонистонро фаъолона назорат мебаранд ва аз вазъи фаврӣ дар Афғонистон воқифанд.

Шарофиддин Гадоев  - Sputnik Тоҷикистон
Аризаи афв навишту ба сайругашт рафт: филми омадурафти Гадоев ба идораи милиса - видео

Мақомоти марзбонии Тоҷикистон аз  ҳамкории зич бо ҳамтоёни Афғонистон зикр карда, таъкид намудаанд, ки дар сурати зуҳури аъзои “ДОИШ” дар  қитъаи сарҳадӣ ҷониби Тоҷикистон огоҳ хоҳад буд.

“Бевосита дар қисмати хатти сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистон то имрӯз аъзои гурӯҳи террористии “Давлати исломӣ”-и мамнӯъ дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудаанд”, - омадааст дар изҳороти мақомоти марзбонии КДАМ.

Мақомоти марзбонӣ зикр кардаанд, ки дар сурати таҳрик ва муташанниҷ шудани вазъият  бояд дар ёд дошт, ки Тоҷикистон узви чунин созмонҳо, ба мисли СААД, СҲШ буда, тамоми масоил пешакӣ матраҳ шудаанд.

Лентаи хабарҳо
0