05:45 17 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.63
  • RUB0.15
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон сафар мекунад

© Пресс-служба Президента Республики Таджикистан
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)
117610

Сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд, ки дар назар аст он ҷо мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор гардад, 12 апрел сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Узбакистон сафар мекунад, хабар медиҳад "Парс тудэй".

Бино бар иттилои манбаъ, сафари раисҷумҳур ба Узбакистон  дар моҳи апрел дар назар аст, ки дар Тошканд мулоқоти машваратии роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ баргузор мегардад.

Мулоқоти роҳбарони кишварҳои ОМ дар чунин шакл, аз ҷониби президенти Узбакистон Шавкат Мирзиёев дар ҷараёни вохӯрии аввалини онҳо дар Остона, пешниҳод гардида буд.

Он замон Шавкат Мирзиёев ба ҳамтоёни худ пешниҳод кард, ки ҳар сол дар остонаи Наврӯз мулоқот анҷом диҳанд ва даъват намуд, ки соли 2019 дар Тошканд сарҷамъ оянд.

"Ҳадафи мулоқоти навбатӣ рушди ҳамкории ҳамаҷониба байни кишварҳо дар соҳаҳои савдо, иқтисод, нақлиёт, алоқа ва фарҳанг мебошад", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дар мулоқоти аввалини машваратӣ роҳбарони кишварҳои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Узбакистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси Маҷлиси Туркманистон Акҷа Нурбердиев иштирок карда буданд.

Он замон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки имрӯз дар муносибатҳои ҳамҷавории кишварҳои Осиёи Миёна саҳифаи нав боз гардид.

Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)

Мавзӯъҳои асосӣ