17:03 25 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.75
  • RUB0.15
Яке аз гузаргоҳҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Узбакистон, акс аз бойгонӣ

Ифтитоҳи гузаргоҳи нав миёни Тоҷикистону Узбакистон

© Sputnik / Амир Исаев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
649 0 0

Раҷабалӣ Раҳмоналӣ, фармондеҳи қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон ва ҳамтои узбакистонияш Руслан Мирзоев имрӯз миёни ду кишвар гузаргоҳи нав ифтитоҳ карданд

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, гузаргоҳи нави автомобилии дуҷониба миёни Ҳисори Тоҷикистон ва Боботоғи Узбакистон кушода шуд.

Манбаъ афзуд, ки ба ин муносибат сокинони ду ҷониби марз бо гулу парчамҳои ду давлат ҷамъ шуда, ҳамдигарро шодбош мегуфтанд.

Гузаргоҳе, ки имрӯз кушода шуд, дар замони шӯравӣ бунёд гардида, танҳо баъди тасвиби созишномаи ду давлати ҳамсоя таҷҳизонида ва ифтитоҳ шуд.

Ба иттилои мақомоти тоҷик, феълан миёни Тоҷикистону Узбакистон 17 гузаргоҳи  назоратӣ фаъолият мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ