09:39 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Председатель Сената Парламента Казахстана Касым-Жомарт Токаев

Шуморо дар Тоҷикистон мешиносанд: Раҳмон ба Тоқаев барқияи шодбошӣ ирсол кард

© Sputnik Болат Шайхинов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
388 0 0

Пештар кишвардори Тоҷикистон бо аввалин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбат ва нақши ӯро дар рушди муносибатҳои ҷумҳуриҳо махсус қайд карда буд

ДУШАНБЕ, 21 мар - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев барқияи шодбошӣ иросол кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.

"Шуморо ба муносибати ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон шурӯъ намуданатон самимона муборакбод мегӯям", - гуфта мешавад дар барқияи шодбошӣ.

Эмомалӣ Раҳмон бо Тоқаев дар мансаби баландпояи давлатӣ фаъолияти пурсамар таманно карда, таъкид намудааст, ки "дар Тоҷикистон Шуморо мешиносанд ва ҳамчун ходими ботаҷрибаи давлатӣ ва тарафдори рушди муттасили муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории серҷабҳа миёни мардумони мо эҳтиром менамоянд".

Кишвардор изҳори боварӣ кардааст, ки дар оянда низ муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон густариш хоҳанд ёфт.

"Муътақидам, ки мо бо кӯшишҳои муштарак минбаъд низ тамоми мачмӯи муносибатҳои байнидавлатии шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро, ки ба манфиати мардумони дӯсти мо равона шудаанд, самаранок густариш медиҳем", - афзудааст Эммалӣ Раҳмон.

Пештар кишвардори Тоҷикистон бо аввалин президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев сӯҳбат ва нақши ӯро дар рушди муносибатҳои ҷумҳуриҳо махсус қайд карда буд.

Мавзӯъҳои асосӣ