Жээнбеков ба Путин аспи даванд ва саг тӯҳфа кард - Видео

© Пресс-служба президента КыргызстанаПрезидент России Владимир Путин прибыл в Кыргызстан с государственным визитом
Президент России Владимир Путин прибыл в Кыргызстан с государственным визитом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия тӯҳфаҳоро бо хушнудӣ қабул кард. Бори аввал нест, ки ба Путин ҳамтоёнаш чунин тӯҳфаҳои "зинда" медиҳанд

ДУШАНБЕ, 28 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба ҳамтои русаш Владимир Путин аспи даванд ва саги зотии қирғизӣ ҳадя кард.

Ӯ ин ҳадяҳояшро дар рафти сафари давлатии Путин ба кишвар супорид. Путин бо хушнудӣ тӯҳфаҳоро қабул намуд.

"Чӣ хел зебо", - гӯён ба асп сабзӣ дод президент.

Сипас Путин бо Шерхон, сагчаи қирғизӣ шинос шуд. Ӯ "натарс-натарс" гӯён Шерхонро сила кард.

Бори аввал нест, ки ба Путин сарони кишварҳои гуногун чунин тӯҳфаҳои "зинда" ҳадя мекунанд. Чунончӣ,  моҳи январи соли равон раисҷумҳури Сербия Александр Вучич ба Путин саги чӯпонӣ ҳадя карда буд.

Гуфта мешавад, ки раисҷумҳури Русия ҳайвонот, аз ҷумла сагро бисёр дӯст медорад. Яке аз сагҳои дӯстдоштаи президент Коннӣ буд, ки ба раисҷумҳур вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу тӯҳфа карда буд.

Соли 2017 президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммедов низ ба зодрӯзи Путин саг ҳадя кард.

Лентаи хабарҳо
0