23:07 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Акции в Киеве с требованием честных выборов

Рақобати рекордӣ: оғози интихоботи президентӣ дар Украина

© Sputnik / Стрингер
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
285 0 0

Рӯзи якшанбе дар Украина интихоботи президентӣ оғоз шуд. Ба ин симмат 39 номзад, ки дар ҷаҳон бесобиқа аст, пешбарӣ шудаанд.

ДУШАНБЕ, 31 мар — Sputnik. Ҳавзаҳои интихоботӣ имрӯз, якшанбе, 31 март барои овоздиҳӣ боз шуданд. Интихобот аз соати 08:00 то 20:00 идома хоҳад кард.

Интихоботи навбатии президентӣ, рӯзи якшанбе дар Украина баргузор мешавад. Ба ин симмат 39 номзад, ки дар ҷаҳон бесобиқа аст, байни ҳам рақобат мекунанд.

То имрӯз бар асоси назарсанҷиҳо ҳаҷвнигор Владимир Зеленский бо 30 дарсади овозҳо пешсаф аст. Раисҷумҳури кунунии кишвар Петр Порошенкаро 17 дарсади аҳолӣ пуштибонӣ мекунанд. Раҳбари ҳизби "Баткившина" Юлия Тимошенкаро 12,5 дарсади мардум дастгирӣ мекунанд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, ки президенти нави Украина пас аз даври дуюм маълум хоҳад шуд. 

Барои бори аввал дар интихоботи президентии Украина нозирон аз Русия ширкат намекунанд. Маскав бар ин аст, ки иҷоза надодани нозирони ин кишвар ба Киев, қонунӣ будани интихоботро зери шубҳа мегузорад.

Ҳамчунин ба далели дар ҳудуди Русия ва Донбасс баргузор нашудани интихобот аз 7 то 10 миллион мардум аз овоздиҳӣ маҳрум хоҳанд монд.

Президенти Украина ба муҳлати панҷ сол интихоб мешавад. Комиссияи Маркази интихобот бояд то 10 апрел натиҷаи интихоботро эълом кунад.

Мавзӯъҳои асосӣ