05:06 16 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Зузана Чапутова-президенти Словакия

Зан-президент: Словакия раисҷумҳури нав интихоб кард

© Sputnik / Алексей Витвицкий
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
228 0 0

Раҳбари кунунии кишвар Андрей Киска раисҷумҳури навро бо пирӯзиаш табрик кард.

ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Ҳуқуқдон Зузана Чапутова президенти Словакия интихоб шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Пас аз ҳисоботи овозҳо маълум шуд, ки дар 99,96 дарсади ҳвзаҳо Зузана 58,38 дарсади овозҳоро аз худ кардааст.

Зузана Чапутова-президенти нави Словакия
© Sputnik / Алексей Витвицкий
Зузана Чапутова-президенти нави Словакия

Рақиби ӯ муовини комиссияи Урупо Марош Шефчович дар 60 дарсади ҳавзаҳои интихоботӣ мағлуб шуд ва ба рақиби худ Зузана гулдаста фиристод.

Зузана Чапутоваро раҳбари кунунии кишвар Андрей Киска низ бо пирӯзиаш табрик кард. Ӯ барои муборакбодии раисҷумҳури нав ба шаҳри Братислав омад.

Чапутова дар нишасти хабарӣ ваъда дод, ки президенти ҳамаи словакиҳо-новобаста аз дину нажод хоҳад буд. Ин ваъдаро ӯ ба забонҳои аслии кишвар гуфт.

Чапутова аз 15 июн замони итмоми муҳлати президентии Киска ба вазифааш оғоз хоҳад кард.

Мавзӯъҳои асосӣ