Зан-президент: Словакия раисҷумҳури нав интихоб кард

© © Sputnik / Алексей Витвицкий Зузана Чапутова-президенти Словакия
Зузана Чапутова-президенти Словакия - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раҳбари кунунии кишвар Андрей Киска раисҷумҳури навро бо пирӯзиаш табрик кард.

ДУШАНБЕ, 31 мар – Sputnik. Ҳуқуқдон Зузана Чапутова президенти Словакия интихоб шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Пас аз ҳисоботи овозҳо маълум шуд, ки дар 99,96 дарсади ҳвзаҳо Зузана 58,38 дарсади овозҳоро аз худ кардааст.

© © Sputnik / Алексей Витвицкий Зузана Чапутова-президенти нави Словакия
Зан-президент: Словакия раисҷумҳури нав интихоб кард - Sputnik Тоҷикистон
Зузана Чапутова-президенти нави Словакия

Рақиби ӯ муовини комиссияи Урупо Марош Шефчович дар 60 дарсади ҳавзаҳои интихоботӣ мағлуб шуд ва ба рақиби худ Зузана гулдаста фиристод.

Зузана Чапутоваро раҳбари кунунии кишвар Андрей Киска низ бо пирӯзиаш табрик кард. Ӯ барои муборакбодии раисҷумҳури нав ба шаҳри Братислав омад.

Чапутова дар нишасти хабарӣ ваъда дод, ки президенти ҳамаи словакиҳо-новобаста аз дину нажод хоҳад буд. Ин ваъдаро ӯ ба забонҳои аслии кишвар гуфт.

Чапутова аз 15 июн замони итмоми муҳлати президентии Киска ба вазифааш оғоз хоҳад кард.

Лентаи хабарҳо
0