03:59 15 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.69
  • RUB0.15
Машваратҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Швейтсария

Сиёсату иқтисод: Тоҷикистону Швейтсария ҳамкориҳоро таҳким мебахшанд

Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
126 0 0

Миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Швейтсария, машваратҳои сиёсӣ баргузор шудааст.

ДУШАНБЕ, 1 апр — Sputnik. Дар пойтахти Конфедератсияи Швейтсария шаҳри Берн машваратҳои навбатии сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Швейтсария баргузор гардиданд, хабар медиҳад равобити умумии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, ки дар рафти машваратҳо оид ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

"Ҳамзамон ҳайатҳо ҳамкории давлатҳоро дар чаҳорчӯбаи созмонҳои байналмилалӣ ва низоми Бреттон-Вудс муҳокима карданд",-омадааст дар хабарнома.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳои судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат хоҳанд кард, изҳор намудаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар шаҳри Ню-Йорк дар Қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш баргузор шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ