09:37 17 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Зубайдуллоҳ Зубайдзода ба Юсуф бин Алавӣ нусхаи эътимоднома супурд

Зубайдзода ба муовини вазири хориҷии Салтанати Умон нусхаи эътимоднома дод

сомонаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
76 0 0

Зубайдуллоҳ Зубайдзода, сафири Тоҷикистон дар Салтанати Умон ба вазири умури хориҷии ин кишвар, Юсуф бин Алавӣ бин Абдуллоҳ нусхаи эътимоднома супурд

ДУШАНБЕ, 1 апр - Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, маросими  супоридани нусхаи эътимоднома  31 март дар шаҳри Масқат баргузор гардид.

Манбаъ афзуд, ки ҷонибҳо дар ин мулоқот инчунин густариши ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Зубайдзода сафири Тоҷикистон дар Кувайт, тирамоҳи соли 2018 ҳамзамон сафири Тоҷикистон дар Ироқ ва инчунин дар Салтанати Уммон таъин шуд.

Ӯ ахиран дар мулоқот бо муовини вазири корҳои хориҷии Ироқ  дар масъалаҳои ҳуқуқӣ ва муносибатҳои бисёрҷониба Ҳозим ал-Юсуфӣ густариши ҳамкориҳо ва баргардондани занону кӯдакони тоҷикро аз ин кишвар баррасӣ карда буд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аввали соли равон хабар дод, ки то ин дам дар зиндонҳои Ироқ 43 зани тоҷик ва 92 кӯдакони ноболиғ ҳастанд, ки Ҳукумат дар паи бозгардонии онҳо ба ватан аст.

Мавзӯъҳои асосӣ