13:03 19 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.59
  • RUB0.15
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи 22 мансабдори тоҷик барои нарасидан ба доди мардум

© Пресс-служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
645300

Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, 22 мансабдор барои нақзи қонун дар бораи муроҷиати шаҳрвандон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд

ДУШАНБЕ, 3 апр - Sputnik. Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта зимни ҷаласаи парлумонӣ гуфт, бархе аз мақомдорони кишвар муроҷиати шаҳрвандонро бе баррасӣ мемонанд.

Ӯ изҳор дошт, ки барои вайрон намудани ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар ин самт 22 нафар шахсони мансабдор ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.  Додситони кул, мақомдорони ҷамоатҳо, аз ҷумла Абдуллоев, раиси ҷамоати Саразм дар шаҳри Панҷакентро мисол овард, ки даҳҳо муроҷиати шаҳрвандонро бе баррасӣ мондааст.

“Чунончи, котиби Ҷамоати деҳоти Ҳаёти нави ноҳияи Ҷаббор Расулов Саримсоқов А. К. 30 адад, раиси Ҷамоати деҳоти Саразми шаҳри Панҷакент Абдуллоев П. А. 66 адад, муҳандис — заминсози ин ҷамоат Қодиров М. 50 адад муроҷиати шаҳрвандонро бе баррасӣ монда, барои ин кирдор бо ҳукми судӣ маҳкум гардиданд”, - изҳор дошт Юсуф Раҳмон.

Бар асоси изҳороти Юсуф Раҳмон, ки нашрияи “Садои мардум” нашр кардааст, худи мақомоти додситонӣ 2 ҳазору 416 муроҷиати ба мақомоти прокуратура воридшудаи шахсони воқеию ҳуқуқиро қонеъ кард.

Қаблан парлумони Тоҷикистон бо қабули қонун “Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон” масъулияти мақомдоронро барои расидагӣ ба арзи шаҳрвандон бештар кард. Аз ҷумла муроҷиати шаҳрвандон ба мақомоти ҳукуматӣ тариқи расонаҳо, телефон ва почтаи электронӣ низ мақоми расмӣ гирифта, масъулин уҳдадоранд ба онҳо расидагӣ кунанд.

Бар асоси қонунгузории феълӣ барои беэътиноӣ ба муроҷиати шаҳрвандон даҳҳо ҳазор сомонӣ ҷарима ё ҷалб ба корҳои ислоҳӣ пешбинӣ шудааст.

Мавзӯъҳои асосӣ