Дар Кремл ба мулоқоти Раҳмону Путин омода мешаванд

© Пресс-служба Президента РТПрезидент России Путин и Президент Таджикистана Рахмон
Президент России Путин и Президент Таджикистана Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ёвари раиҷумҳури Русия Юрий Ушаков дар бораи омодагиҳо ба пешвози раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт

ДУШАНБЕ, 5 апр — Sputnik. Дар Кремл ба сафари қарибулвуқӯи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Русия омодагӣ мебинанд. Дар ин бора ёвари раисҷумҳури Русия Юрий Ушаков хабар додааст.

Ӯ ёдрас шудааст, ки сафари президенти Тоҷикистон ба Русия 17 апрел сурат мегирад дар ҳошияи он сарони кишварҳо мулоқот мекунанд.

Пештар вазири молияи Русия Антон Силуанов хабар дода буд, ки рӯзи сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Русия дақиқ гардид.

Ёдрас мешавем, ҳанӯз охирҳои моҳи феврал намояндаи тиҷории Русия дар Душанбе Михаил Кораблин хабар дода буд, ки Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба Русия меравад. Аммо рӯзи сафари раисҷумҳур дақиқ набуд.Ба нақша гирифта шудааст, ки дар Русия конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии ду кишвар баргузор шавад.

"Дар семоҳаи аввали соли равон ҳафтумин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷикистону Русия ба нақша гирифта шудааст, ки дар кори он, мо умед дорем, сарони Русия Владимир Путин ва Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат меварзанд, ки аҳамияти ин конфронсро бештар ва ҳамкориҳои ду кишварро наздиктар мекунанд", -гуфта буд ӯ.

Лентаи хабарҳо
0