03:11 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Шукурджон Зухуров. Архивное фото

Боздиди Зуҳуров аз маркази тиҷоратии бузург дар Қатар

© Sputnik / Григорий Сысоев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
121 0 0

Сафари расмии раиси маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз 5 апрел оғоз ва то 10-ум идома мекунад

ДУШАНБЕ, 6 апр - Sputnik. Дар доираи сафари расмӣ дар Давлати Қатар раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳайати ҳамроҳони ӯ вакилони Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода, Абдуғаффор Раҳмонзода ва Дилрабо Мансурӣ ба маркази тиҷоратии "Мол Қатар" (Mall of Qatar ) ташриф оварда, бо фаъолияти ин марказ шинос шуданд.

Тибқи  иттилои котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон Муҳамадато Султонов аз Давлати Қатар, дар маркази тиҷоратии "Мол Қатар" Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯро Раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозиев истиқбол намуда,  ба онҳо роҷеъ ба  таърихи ташаккул, фаъолият ва дастовардҳои "Мол Қатар" маълумоти мукамал дод.

Таъкид гардид, ки  дар маркази мазкур нуҳ бонки калонтарини ҷаҳон ва чаҳор ширкати сайёҳии байналмилалӣ намояндагиҳои худро ифтитоҳ намуда, бо Давлати Қатар ҳамкориҳои судмандеро ба роҳ мондаанд. Ҳамчунин дар дохили ин марказ ширкати "Калифур" — яке аз пурнуфузтарин ширкаҳои дунё фаъолият менамояд.

Сохтмони қисмати дуюми бинои  "Мол Қатар" аз моҳи июли соли ҷорӣ оғоз гардида, тибқи нақша дар ин ҷо боз як меҳмонхонаи панҷситорадор, биноҳои истиқоматӣ барои 1200 ҷой, мактаби байналмилалӣ барои 1400 нафар толибилм  ва макони фарҳангӣ барои куӯакон сохта мешаванд.

Раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ МакрамДарвозиев ҳамчунин иттилоъ дод,  ки тамоми он корҳое, ки мо анҷом  дода мешаванд, дар доираи    омодагӣ ба Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол,   ки соли 2022 дар Давлати Қатар  баргузор мегардад, сурат мегиранд.

Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқот бо Раиси иҷроияи ин маркази тиҷоратӣ Макрам Дарвозиев иброз намуд, ки  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон  сохтмони иншоотҳои бузурги ҷашнӣ ба муносибати 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.

Пас аз шиносоӣ бо маркази ти

ҷоратии «Мол Қатар» Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо нишони эҳтиром нисбат  ба таъриху фарҳанг ва мардуми ин кишвар ба раиси ин марказ туҳфаи хотиравӣ супурда, ба ин кишвари ба мо дӯст шукуфоӣ ва ба халқи бародари Қатар саодатмандӣ орзу намуд.

Мавзӯъҳои асосӣ