"Ҳамкор" не, "дӯст" гуфтам: Путин тарҷумонро барои хатогиаш "бандит" номид - Видео

© Sputnik / Михаил Климентьев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ Владимир Путин и премьер-министр Швеции Стефан Левен
Президент РФ Владимир Путин и премьер-министр Швеции Стефан Левен - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тарҷумон калимаи "дӯст"-ро ба "ҳамкор" иваз кард ва Путин инро дарҳол пай бурду таъкид кард, ки "ҳамкор" не, "дӯст" гуфт. Раисҷумҳур шӯхиомез тарҷумонро "бандит" номид

ДУШАНБЕ, 10 апр – Sputnik. Раисҷумҳури Русия Владимир Путин тарҷумонеро, ки ӯро дар мулоқот бо нахуствазири Шветсия Стефан Левен ҳамроҳӣ мекард, ислоҳ кард ва барои хатогии роҳдодааш ӯро шӯхиомез "бандит" номид.

Тарҷумон калимаеро аз суханронии раисҷумҳур иваз кард.

Путин ҳангоми изҳороташ дар бораи ҳамкориҳои Русияву Шветсия тоҷирони шведро дӯстони Русия номид, ки ба иқтисоди кишвар 5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд.

Аммо тарҷумон калимаи "дӯст"-ро ба калимаи "ҳамкор" иваз кардааст.

"Ман "дӯстон" гуфтам, ӯ "ҳамкорон" тарҷума кард. "Бандит"-и тайёр", - таъкид кард Путин шӯхиомез.

Вай афзуд, ки тамоми сармоягузоронро - ширкатҳои шведиро, ки дар Русия шумораи онҳо бештар аз 500-то аст, Русия  дӯст мешуморад.

Лентаи хабарҳо
0