13:26 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15
Президент Узбекистана Шавкат Мирзиёев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Сафари Раҳмон ба Узбакистон ва мулоқоташ бо сарони кишварҳо ба таъхир афтод

Пресс-служба президента Узбекистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1078 0 0

Интизор мерафт, кишвардори Тоҷикистон 12 апрел ба Тошканд барои мулоқот бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ сафар кунад

ДУШАНБЕ, 11 апр – Sputnik. Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Тошканд ба таъхир афтод, хабар медиҳанд расонаҳои Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, интизор мерафт, кишвардор 12 апрел барои мулоқот бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ озими Тошканд мешуд.

Рӯзи дақиқи нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ маълум нест.

Нахустин нишасти машваратии раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ 15 марти соли гузашта дар шаҳри Остона (ҳоло Нурсултон) баргузор шуда буд.

Дар ин нишаст раисони ҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев, Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси парлумони Туркманистон Акҷа Нурбердиева ширкат карда буданд.

Дар нишасти Остона Шавкат Мирзиёев аз ҳамтоёни худ аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват карда буд, ки дар нишасти машваратии дуюм дар шаҳри Тошканд ширкат кунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ