22:52 24 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.58
  • RUB0.15
Роза Отунбаева

Ситоиши Роза Отунбаева аз шеърпарвариву зебопарастии тоҷикон

CC0 / Chatham House / Roza Otunbayeva, President of Kyrgyzstan (2010-11)
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
276 0 0

Осори адибону орифони тоҷик мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад, мегӯяд сиёсатмадор

ДУШАНБЕ, 12 апр — Sputnik. Собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбаева аз шеърпарвариву зебопарастии тоҷикон ситоиш кардааст.

Отунбаева дар ҳошияи  ҷашнвораи "Роҳи бузурги абрешим" дар Бишкек гуфтааст, ки "тоҷикон табиатан шеърпарварданд".

"Миллати тоҷик табиатан ва зотан ба зебоиву сухани воло  арҷ мегузорад ва осори адибону орифони тоҷик мавриди таваҷҷуҳи ҷаҳониён қарор дорад", - менависад "Ховар" аз изҳороти собиқ президент.

Ба ибтикори Фонди байналмилалии  "Ташаббуси Роза Отунбоева" дар Бишкек   аз 5 апрели фестивали "Роҳи бузурги абрешим" ба кори худ оғоз намуд.

Дар ин ҳамоиш сафоратхонаҳои 15 кишвари ҳавзаи  Роҳи  абрешим  ширкат намуда, гӯшаҳои махсуси худро ба  маърази  тамошо гузоштанд.   11 апрел дар  доираи  ин ҳамоиш Рӯзи фарҳанг ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон доир гардидааст.

Сафири Тоҷикистон дар Қирғизистон Суҳроб Олимзода  дар расми ифтитоҳи ин барнома баргузории чунин  тадобири  фарҳангиро дар таҳкими дӯстӣ ва  ҳамгироии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла мардумони тоҷик ва қирғиз муҳим унвон кард.

Фестивали  "Роҳи  бузурги абрешим" то 26 апрел  идома  мекунад.

Роза Отунбаева, роҳбари ҳизби Сотсиал-демократии Қирғизистон ва аввалини зани президенти кишвар аст. Ӯ соли 2010 муввақатан президенти Қирғизистон мешавад ва то соли 2011, то интихоб шудани Алмосбек Отамбоев роҳбарии кишварро ба дӯш дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ