13:39 21 апрели 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.62
  • RUB0.15

Истиқболи пуршукӯҳ: Эмомалӣ Раҳмон вориди Маскав шуд - Видео

© Sputnik / Михаил Воскресенский
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
159510

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар фурудгоҳи Маскав бо қаравули фахрӣ, ки суруди миллии ду кишварро иҷро карданд, истиқбол гирифтанд

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди Русия шуд, хабар медиҳад РИА Новости.

Ҳавопаймои раисҷумҳур дар фурудгоҳи "Внуково-2" фуруд омад. Дар нардбон меҳмони олиро статс-котиби вазири умури хориҷаи Русия Григорий Карасин, сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов, сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов пешвоз гирифтанд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба қаравули фахрӣ, ки суруди миллии ду кишварро иҷро кард, салом гуфт.

Сафари расмии кишвардор дар Русия ду рӯз идома меёбад.

Дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, вазирони рушди иқтисод ва савдо, молия, кишоварзӣ, маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Мавзӯъҳои асосӣ