07:41 18 июни 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.60
  • RUB0.15
Форум России и Таджикистана

Натиҷаҳои рӯзи аввали Ҳафтумин конфронси ҳамкориҳои байниминтақавии Тоҷиктону Руссия

© Представитель посольства Таджикистана Ибрагим Ахмадов
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
103 0 0

Дар ҳошиияи Форуми ҷавонони Русия ва Тоҷикистон "Роҳи муштарак дар иқтисодди оянда " ёддошт ба имзо расид

ДУШАНБЕ, 16 апр - Sputnik. Имрӯз, 16 апрел дар Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Маскав Ҳафтумин конфронси байниминтақавии Тоҷикистону Русия оғоз шуд. Ташкилкунандагонги конфронс Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо бунёди "Росконгресс"-и Русия  буданд.

Дар аввалин рӯзи конфронс чанд мизи мудаввар дар масоили хоҷагии қишлоқ, логистика, савдо, маориф ва фарҳанг баргузор шуданд.

Дар ҳошиияи Форуми ҷавонони Русия ва Тоҷикистон "Роҳи муштарак дар иқтисодди оянда " ёддошт ба имзо расид.

Раиси Кумитаи кор бо  ҷавонони Атҳам Абдуллозода гуфт, ки "ҳарду кишварро муносибатҳои бародарона, дӯсти чандсола ва ёдгориҳои фарҳангӣ ба ҳам меоранд.

Дар мизи гирди "Ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ" масоили содироти техникаи хоҷагии қишлоқи Русия ба Тоҷикистон, ҷалби сармоягузорони рус ба соҳа, ҳамкориҳои соҳибкорони Русия ва Тоҷикистон ва ғайраҳо барасӣ гардид.

Дувумин мизи мудаввар ба масоили соҳаи маориф ва фарҳанг бахшида шуда. Дар он ректори Институти давлатии забони русӣ ба номи А.С. Пушкин Маргарита Русеская ва вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид баромад карданд.

Иштирокдорон масоили рушди забони русӣ дар Тоҷикистон, ҳамкориҳои фарҳангиву илмӣ ва барномаҳои омӯзиширо баррасӣ карданд.

Ёдрас мешавем, имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайъати масъулини тоҷие вориди Маскав шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон баъди зуҳри 16 апрел бо раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин мулоқот кард.

Раисҷумҳур гуфт, ки Душанбе ва Маскав нақша доранд дар бораи интиқоли бонизоми муҳоҷирон ба Русия созишнома ба имзо расонанд.

Президент афзуд, ки Душанбе ба амалӣ шудани давраи дигар авфи муҳоҷирони тоҷик умед мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ