03:44 17 сентябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.70
  • RUB0.15
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон

Путин: нақша дорем дар Тоҷикистон бахше аз оҷонсии "Россия сегодня"-ро ифтитоҳ кунем

© Sputnik / Сергей Гунеев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
724 0 0

Оҷонсии иттилоотии Sputnik бахше аз оҷонсии иттилоотии байналмилалии "Россия сегодня" мебошад.

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин гуфт, ки Русия нақша дорад дар Тоҷикистон бахше аз оҷонсии иттилоотии байналмилалии "Россия сегодня"-ро ифтитоҳ кунад.

"Нақша дорем дар ҷумҳурӣ намояндагии расмии оҷонсии "Россия сегодня"-ро ифтитоҳ кунем", - гуфт Путин дар изҳороти муштарак бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар анҷоми гуфтушунидҳо.

Оҷонсии иттилоотии Sputnik бахше аз оҷонсии иттилоотии байналмилалии "Россия сегодня" мебошад.

Оҷонсӣ ҳам маводи иттилоотӣ ва ҳам радиоиро пешниҳод менамояд. Маводҳои омоданамудаи Sputnik пурра ба хонандагони хориҷӣ равона гардидааст.

Ҳар як нашриёти Sputnik дар пойтахтҳои бузурги мамлакатҳои ҷаҳонӣ тариқи сомонаҳои интернетӣ хабар ва барномаҳои радиоӣ пешниҳод мекунад. Ҳаҷми умумии пахши барномаҳои радиоӣ бо 30 забони дунё дар соли 2015 аз 800 соат дар як шабонарӯз дар 130 шаҳри дунё ва 34 кишвари ҷаҳон зиёдтар аст.

Оҷонсӣ марказҳои матбуотии чандрасонаӣ дошта барои сомонаҳо барномаҳои гуногунҷабҳа омода намуда пахши радиоиро пешниҳод менамояд.

Пахши радиоӣ танҳо тариқи таҷҳизоти муосир: FM-дар формати рақамии DAB/DAB+ (Digital Radio Broadcasting), HD-Radio ва ҳамчунин нармафзорҳои мобилӣ ва саҳфаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш мегардад.

Sputnik бо забонҳои русӣ, абхазӣ, озарӣ, англисӣ, арабӣ, арманӣ, гурҷӣ, дарӣ, испанӣ, қазоқӣ, қирғизӣ, чинӣ, курдӣ, лотинӣ, молдавӣ, олмонӣ, тоҷикӣ, португалӣ, пушту, сербӣ, туркӣ, узбекӣ, украинӣ, финӣ, фаронсавӣ, ҳиндӣ, эстонӣ, ҷопонӣ ва ғайра маводҳои мултимедиявӣ омода менамояд.

Таҳти бренди Sputnik лентаҳои хабарии шабонарӯзӣ бо забонҳои англисӣ, испанӣ, арабӣ, чинӣ фаъол аст. Бо мақсади пахши доимӣ дар Вашингтон, Қоҳира, Пекин ва Монтевидео нашриёти минтақавӣ аз рӯи низоми 24/7 кор мекунанд.

Хадамоти аккосии Sputnik дар тамоми ҷаҳон хабарнигорони худро дорад.

Мавзӯъҳои асосӣ