10:05 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
5845627

"Худам ҳам мехоҳам": вокуниши ногаҳонии Путин ба пешниҳоди духтарон - Навор

© Sputnik / Сергей Гунеев
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
283 0 0

Президенти Русия Владимир Путин ба пешниҳоди гурӯҳе аз духтарони хатмкунандаи "мактаби губернаторон" вокуниши нагаҳоние нишон дод

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Шӯхии навбатии раисҷумҳури Русия Владимир Путин боиси баланд шудани садои хандаи атрофиён гардид.

Раисҷумҳур дар Маскав бо хатмкунандагони барномаи рушди кадрҳои эҳтиётии идоракунӣ мулоқот кард.

Дар чорабинӣ Путин духтарони хатмкунандаро шодбош гуфт ва барояшон мансабҳои баландро таманно кард.

Пас аз суханронии раисҷумҳур духтарон гуфтанд, ки мехоҳанд бо Путин акси якҷо гиранд.

"Мумкин аст, ки як акси дигар бо духтарон гиред", - хоҳиш кардааст яке аз хатмкунандагон аз президент.

Путин бо шӯхие посухи ногаҳонӣ дод, ки ҳамаро хандонид.

"Худам ҳам мехоҳам", - шӯхӣ намуд ӯ.

Пас аз ин духтарон бо раисҷумҳур акси якҷоя гирифтанд.

Президент РФ Владимир Путин во время встречи с выпускниками второго потока программы развития управленческого кадрового резерва
© Sputnik / Михаил Климентьев
Президент РФ Владимир Путин во время встречи с выпускниками второго потока программы развития управленческого кадрового резерва

Пештар Путин тарҷумонеро, ки ӯро дар мулоқот бо нахуствазири Шветсия Стефан Левен ҳамроҳӣ мекард, ислоҳ кард ва барои хатогии роҳдодааш ӯро шӯхиомез "бандит" номид.

Тарҷумон калимаеро аз суханронии раисҷумҳур иваз кард.

Путин ҳангоми изҳороташ дар бораи ҳамкориҳои Русияву Шветсия тоҷирони шведро дӯстони Русия номид, ки ба иқтисоди кишвар 5 миллиард доллар сармоягузорӣ кардаанд.

Аммо тарҷумон калимаи "дӯст"-ро ба калимаи "ҳамкор" иваз кардааст.

"Ман "дӯстон" гуфтам, ӯ "ҳамкорон" тарҷума кард. "Бандит"-и тайёр", - таъкид кард Путин шӯхиомез.

Мавзӯъҳои асосӣ