04:46 18 октябри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.77
  • RUB0.15
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон

Эммануэл Макрон Эмомалӣ Раҳмонро ба Фаронса даъват кард

© Пресс-служба президента Таджикистана
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
1584 0 0

Дар ин бора президенти Фаронса ба раисҷумҳури Тоҷикистон паём ирсол кардааст

ДУШАНБЕ, 18 апр — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса Жан-Батист Лемуан мулоқот кардааст, ки дар рафти он Жан-Батист паёми раисҷумҳур Эммануэл Макронро ҷиҳати анҷоми сафар ба Фаронса ба раисҷумҳури Тоҷикистон супоридааст.

Тавре дафтари матбуотии президент хабар медиҳад, ҷонибҳо дар мулоқот масоили амният, сарҳад, иқтисод, илм, маориф ва фарҳангро баррасӣ кардаанд.

"Котиби давлатии Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Ҷумҳурии Франсия Жан-Батист Лемуан ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми Президенти Франсия Эммануэл Макронро ҷиҳати анҷом додани боздид аз Фаронса супорид", - менависад манбаъ.

Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Фаронса барои дастгирии доимии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории дорои аҳамияти миллӣ ва минтақавӣ, лоиҳаҳои бахшҳои хусусӣ, кишоварзӣ ва иҷтимоӣ, ҳамчунин ҷонибдории ташаббус ва тадбирҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи об, бахусус оид ба рафъи оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва идоракунии захираҳои обӣ ва мубориза ба терроризму экстремизми байналмилалӣ изҳори миннатдорӣ намуданд.

 Соҳаҳои сармоягузорӣ, авиатсияи гражданӣ, энергетика, фаъолияти муҳандисию машваратӣ, нақлиёт, телекоммуникатсия ва кишоварзӣ барои ҳамкориҳои ояндаи дуҷонибаи Тоҷикистону Франсия муҳим шуморида шуд.

Таъкид гардид, ки ташкили хатсайри ҳавоӣ байни ду кишвар, ҳамчунин баргузории намоишгоҳҳои нигораҳои таърихию фарҳангӣ дар баробари мусоидат ба рушди бештари ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ метавонад ба афзоиши рафту омади шаҳрвандони ду кишвар ва рушди сайёҳӣ низ заминаи мусоид фароҳам оварад.

Ҷонибҳо ҳамчунин доир ба рушди муносибатҳои байнидавлатӣ дар доираи Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои давлатҳои Осиёи Марказӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамзамон масъалаҳои вобаста ба тақвияти муборизаи муштарак бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромилию муташаккил, мусоидат ба раванди таҳкими амнияту субот дар минтақа ва Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ