Си Ҷин Пин даъват кард: Эмомалӣ Раҳмон ба Чин меравад

© Фото : Пресс-служба президента ТаджикистанаВизит президента Таджикистана в Китай
Визит президента Таджикистана в Китай - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Ҳафтаи оянда дар пойтахти кишвари Чин нишасти "Як роҳ - як камарбанд" баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати роҳбари Чин дар нишасти "Як роҳ - як камарбанд", ки 26-27 апрел дар Пекин баргузор мешавад, иштирок мекунад.

Интизор меравад, дар ҳошияи нишаст раисҷумҳур бо Си Ҷин Пин, роҳбарони як қатор кишварҳо ва намояндаҳои доираҳои соҳибкорӣ мулоқот мекунад.

Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲШ дар Тошканд - Sputnik Тоҷикистон
Сарони ВУХ кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Остона нишаст доранд

Дар форум сарони ҳудуди 40 кишварҳо, аз ҷумла Русия, Покистон, Қазоқистон, Австрия, Озорбойҷон, Чехия, Миср ва ҳукуматҳо иштирок кунанд.

Дар нишасти аввали форум соли гузашта раисҷумҳури Тоҷикистон иштирок  надошт.  Тоҷикистонро вазири руштди иқтисод ва савдои кишвар Неъматулло Ҳикматуллозода намояндагӣ карда буд.

Ёдрас мешавем, пештар дар бораи баргузории нишасти роҳбарони кишварҳои узви МҲТБО моҳи июн дар Душанбе хабар дода шуд.

Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё – МҲТБО, анҷумани байнидавлатиест, ки бо ибтикори Қазоқистон ва дастгирии СММ таъсис ёфтааст. Дафтари марказии МҲТБО дар шаҳри Остона - Нурсултони феълӣ воқеъ аст.

Главы стран ШОС на саммите в Китае - Sputnik Тоҷикистон
Омодагӣ ба мулоқоти президентҳо: дар Пекин ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони СҲШ баргузор шуд

Узви ин созмон 27 кишвар аз ҷумла Тоҷикистон, Русия, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Чин, Ҳинд, Эрон, Исроил, Узбакистон, Туркия, Миср, Ироқ, Покистон, Фаластин, Муғулистон, Ветнам, Таиланд ва ғайра мебошанд. Мақомоти олии қабули қарор ҳамоиши нишасти сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои узв буда, он дар чор сол як маротиба баргузор мегардад.

Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як қарор, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишварро роҳбари Кумитаи тадорукотии ташкили мулоқоти роҳбарони даҳҳо кишвари Осиё дар Душанбе таъин кард. Раисиҷумҳури Тоҷикистон инчунин даъватномаро барои иштирок дар ҳамоиши Душанбе ба бархе аз роҳбарони давлатҳои Осиё ирсол кард.

Лентаи хабарҳо
0