13:04 16 июли 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.64
  • RUB0.15
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе бо Лю Бин, сафири навтаъини Чин дар Тоҷикистон

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири навтаъини Чин дар Тоҷикистон

акс аз сомонаи шаҳрдории Душанбе
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
111 0 0

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе имрӯз бо Лю Бин, сафири навтаъини Чин дар Тоҷикистон мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 19 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Ҳукумати Чин ва мақомоти иҷроияи шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Дар мулоқот зикр шудааст, ки Чин шарики стратегии Тоҷикистон мебошад.
“Имрӯз беш аз 300 ширкату корхонаҳои Чин дар рушду пешрафти кишвар саҳм мегузоранд”, - омадааст дар иттилоияи шаҳрдорӣ.
Ҷонибҳо таъкид намудаанд, ки имрӯз шаҳри Душанбе бо шаҳрҳои Урумчи, Сямен, Чиндао ва музофоти Хайнани Ҷумҳурии Мардумии Чин муносибатҳои бародаршаҳрӣ барқарор намудааст, ки ин яке аз омилҳои тавсеаи робитаҳои ҳамкории тарафҳо мебошад.
Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ таъкид намудааст, ки ҷонибҳо атрофи дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн гуфтугӯи ҷиддӣ ва ошкоро анҷом додаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ