21:58 25 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15

Зироат Мирзиёева ҳамсари президенти Кореяи Ҷанубиро ба сӯҳбати мардум бурд

© Фото: УзА
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
302 0 0

Бонуи рақами яки Узбакистон ва Кореяи Ҷанубӣ ба чанд муассисаи фарҳангиву иҷтимоӣ рафтанд. Ба Ким Чжон Сук анъанаи "Келин салом" бисёр писанд омад

ДУШАНБЕ, 20 апр - Sputnik. Президенти Кореяи Ҷанубӣ Ким Чжон Сук бо ҳайъати кишвараш ба Узбакистон сафар карданд. Дар ҳоле ки Мирзиёев ва ҳамтои кореягиаш бо имзои санадҳои муҳим машғул буданд, ҳамсарони онҳо ба тамошои Узбакистон ва сӯҳбати мардум баромаданд.

Зироат Мирзиёева и Ким Чжон Сук

Тавре расонаҳои кишвар хабар медиҳанд, Зироатхон аввал бонуи кореягиро ба боғчаи кӯдаконаи ноҳияи Яккасаройи Тошканд бурдааст. Онҳо бо таълим ва бинои боғча шинос шуда, бо кӯдакону мураббиён сӯҳбат кардаанд. Зироат Мирзиёева ва Ким Чжон Сук ҳатто дар дарсҳои таълимии боғча иштирок кардаанд.

Зироат Мирзиёева и Ким Чжон Сук

Ба меҳмони олӣ бештар намоиши либосҳои миллӣ ва анъанаи "Келинд салом" - қабули арӯси узбакӣ писанд омадааст.

Сипас Мирзиёева ҳамсари президентро ба хонаи пиронсолони шаҳри Тошканд бурдааст.  Онҳо бо бошандагони хона муошират карда, ба муассиса автобус тӯҳфа кардаанд.

Мавзӯъҳои асосӣ