06:06 27 майи 2019
Пахши мустақим
  • USD9.44
  • EUR10.56
  • RUB0.15
Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо шабакаи телевизиони “CCTV”, хабаргузории “Синхуа” ва нашрияи “Женмин Жибао”-и Чин

Суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони се расонаи маъруфи Чин

дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
316 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо хабарнигорони шабакаи телевизиони “CCTV”, хабаргузории “Синхуа” ва нашрияи “Женмин Жибао”-и Чин мусоҳиба анҷом дод

ДУШАНБЕ, 22 апр - Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо дарназардошти мавқеъи муҳиму устувори Тоҷикистон дар амалӣ кардани ҳадафи ояндадори ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” хабарнигорони шабакаҳои бонуфузи иттилоотии Чин қабл аз баргузории ҳамоиши сарони давлатҳои Тоҷикистон, Чин ва дигар кишварҳои иштирокчии ин иқдом бо Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе мусоҳиба анҷом доданд.

Манбаъ афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳадафҳо ва афзалияти ташаббуси “Як камарбанд-як роҳ” дар таъмини рушди устувору бемайлони иҷтимоию иқтисодии кишварҳо, дар бораи аҳамияти баргузории ҳамоиши сарони давлатҳо, вазъи феълии муносибатҳои дӯстию ҳамкории кишварҳои шарики стратегӣ - Тоҷикистону Чин, саҳми Тоҷикистону давлати ҳамсоя дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ ба манфиати мардумони ду кишвар, инчунин дигар самтҳои равобити дуҷониба, ба саволҳои хабарнигорони Чин посух дод.

Котиботи раисиҷумҳур таъкид кардааст, ки мусоҳибаи Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорони чинӣ дар Шабакаи телевизиони ССТV-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, дар сомонаҳои интернетӣ, Агентии иттилоотии “Синхуа”, дар рӯзномаи калонтарини Чин “Жэнмин Жибао” ва дигар васоити ахбори омма ба таври васеъ инъикос гардид ва то имрӯз аллакай миллионҳо нафар аз мазмуну муҳтавои ин суҳбат огаҳӣ пайдо карданд.

Мавзӯъҳои асосӣ