13:38 24 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.70
  • EUR10.47
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
378 0 0

Дафтари марказии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аз Тошканд ба Душанбе мекӯчад

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ роҳбари нави CAFA (Central Asian Football Аssociation) - Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ интихоб шуд. Дар ин бора вебгоҳи Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Анҷумани Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ имрӯз дар Душанбе баргузор шудааст.

"Дар анҷуман муовини роҳбари CAFA муовини аввали роҳбари Федератсияи футболи Қирғизистон Достонбек Конокбоев ва дабири кулли Федератсияи футболи Туркманистон Арслон Ойназаров муовини роҳбари CAFA интихоб шуданд", - гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Дафтари марказии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ аз Тошканд ба Душанбе мекӯчад.

Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки соли 2014 таъсис ёфтааст, федератсияҳои футболи шаш кишвар - Афғонистон, Эрон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбакистонро муттаҳид мекунад.

Мавзӯъҳои асосӣ