04:50 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
187 0 0

Раисҷумҳури Русия Владимир Путин аҳамияти муносибатҳои иқтисодӣ бо кишварҳои исломиро махсус қайд кард

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин дар номаи табрикотии худ ба иштирокдорони 21-умин ҳамоиши "Русия - ҷаҳони ислом" дар Қазон гуфт, бояд низоми муносибатҳои иқтисодиро бо кишварҳои мусалмонӣ босамартару адолатноктар кард.

"Бояд дар бораи он андешид, ки чигуна муносибатҳои иқтисодии байналмилалиро адолатноктар ва самараноктар кард, ки холӣ аз диктат ва рақобати носолим бошад", - таъкид кард ӯ.

Президент ҳамчунин дар бораи тақвияти муносибатҳои кишварҳои иштирокдори нишаст ва кӯшиши муштарак дар ҳалли мушкилиҳои иҷтимоии тезу тунд гуфт.

Ёдрас мешавем, дар ҳошияи ҳамоиши "Русия - ҷаҳонӣ ислом" намоишгоҳи бузурги ширкатҳои "ҳалол"-и Русия Russia Halal Expo 2019 ифтитоҳ шуд.

Мавзӯъҳои асосӣ