Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши “Як камарбанд, як роҳ” ширкат кард

© пресс-служба президента РТПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” аз 25 то 27 апрел дар Чин баргузор шуда, дар он беш аз 37 сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ширкат мекунанд

ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Имрӯз, дар Маркази ҳамоиши миллии Чин, воқеъ дар шаҳри Пекин кори Форуми дуюми ҳамкории байналмилалии “Як камарбанд, як роҳ” оғоз гардид.

Ба иттилои хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон, дар ин ҳамоиши сатҳи баланд Эмомалӣ Раҳмон, сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои 40 кишвари олам, инчунин роҳбарони ташкилоту созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ иштирок карданд.

Президент Эмомали Рахмон и президент Узбекистана Шавкат Мирзиеев - Sputnik Тоҷикистон
Раҳмон дар Чин аввал бо Мирзиёев мулоқот кард

Кори Форумро бо сухани муқаддимавӣ раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ифтитоҳ карда, ҳамаи иштирокчиёни ҳамоиши бузургро ба Чин хайрамақдам гуфт.

Манбаъ афзуда, ки дар оғози кори Форум Дабири кулли СММ ва роҳбарони як қатор кишварҳои олам суханронӣ карданд.

Раҳмон шумораи миллиардҳои додаи Чин, сирри рушд ва интизориҳо аз сафар ба Пекинро гуфт

Кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар Чин бо раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев мулоқот кард.

Раҳмон дар Чин аввал бо Мирзиёев мулоқот кард

Дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо аз вазъи имрӯзаи ҳамкорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Ҷонибҳо руйдодҳои муҳими сиёсии байни ду кишварро дар соли 2018 барои Тоҷикистону Узбакистон таърихӣ номида, таъкид доштанд, ки мо бо талошҳои худ барои ҳамкории судманд дар ҳама соҳаҳо заминаи боэътимод фароҳам овардаанд.

Лентаи хабарҳо
0