05:00 25 феврали 2020
Пахши мустақим
  • USD9.69
  • EUR10.49
  • RUB0.15
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
2494 0 0

Мевлут Чавушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия аз иқдоми Тоҷикистон алайҳи макотиби марбут ба ҳаракати Гюлен истиқбол ва изҳори сипос кардааст

ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Чавушоғлу ҳафтаи равон дар пайи мулоқот бо ҳамтои тоҷикистонияш Сироҷиддин Муҳриддин дар шаҳри Анқара ба хабарнигорон гуфт, “мо аз Тоҷикистон миннатдорем”.

“Ман мехоҳам миннатдориямро ба Тоҷикистон барои ҳамкорӣ дар масоили амниятӣ ва “FETO”- созмони террористии Фатҳулло Гюлен баён кунам. Мо аз чораҳое, ки дар Тоҷикистон алайҳи макотиби марбут ба созмони террористии Фатҳулло Гюлен амалӣ шуданд, истиқбол мекунем”, - хабар додааст хабаргузории калонтарин ва нимадавлатии Туркия – “Anadolu” аз қавли Чавушоғлу, вазири умури хориҷии ин кишвар.

Ӯ таъкид намудааст, ки гуфтушунидҳои ду кишвар дар масоили низомӣ ва таҳкими ҳамкориҳо дар умури мудофиа идома доранд.

Чавушоғлу дар мавриди додугирифти тиҷорӣ бо Тоҷикистон зикр кардааст, ки феълан ҳаҷми он ҳудуди 500 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Ӯ таъкид намудааст, президентҳои ду кишвар  ҳадаф гузоштаанд, ки додугирифт ба як миллиард доллар расонда шавад ва ду кишвар талош хоҳанд кард, ки ба ин нишондод бирасанд.

Сипоси Туркия дар мавриди макотиби марбут ба созмони Гюлен дар ҳолест, ки Ҳукумати Тоҷикистон соли 2015 қарор кард,  литсей-интернатҳои муштараки тоҷикию туркиро ба муассисаҳои давлатии таълимии “Литсей барои хонандагони болаёқат” табдил дода шаванд.

Он замон Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз поён ёфтани шартномаи фаъолияти литсейҳои туркии ширкати “Шалола” хабар дода буд. Ба иттилои ин ниҳод, ба “Шалола”  6 литсей дар шаҳрҳои гуногуни Тоҷикистон тааллуқ доштанд. 

“Шалола” ба ҳаракати “Хизмет”-и рӯҳонии фирории турк Фатҳуллоҳ Гюлен марбут дониста мешавад, ки феълан аз ҷониби ҳукумати Раҷаб Эрдуғон дар пайгарди байналмилалӣ қарор гирифтааст. Ҳукумати Туркия аз ҳаракати Фатҳулло Гюлен,  созмони террористии “FETO” ном бурда, ӯро дар талоши табаддуллоти низомӣ муттаҳам мекунад.

Нуриддин Саид, вазири маорифи Тоҷикистон қаблан хабари расонаҳоро дар бораи дархости ҷониби Туркия барои бастани литсейҳои туркии марбут ба ҳаракати Гюлен рад карда, чораҳо дар мавриди ин мактабҳоро ба анҷоми муҳлати шартномаи фаъолияташон рабт дода буд.  

Мавзӯъҳои асосӣ