Дарёфти роҳҳои нав: сӯҳбати Раҳмон бо Алиев

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Азербайджана Ильхам Алиев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар Чин бо раисҷумҳури Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Чин бо президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот кард, хабар медиҳад дафтари матбуоти президент.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон
Таъкид ба ҳамсоядорӣ дар мулоқоти Раҳмон бо Жээнбеков

Бино бар иттилои манбаъ,  мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Илҳом Алиев дар ҳошияи Форуми дуюми ҳамкории байнламилалии "Як камарбанд, як роҳ" сурат гирифт.

"Дар мулоқот вазъи феълии робитаҳои дӯстию ҳамкорӣ, рушду густариши робитаҳо дар бахшҳои нақлиёту транзит, кишоварзӣ, таъминоти сӯзишворӣ мавриди баррасии ҷонибҳо қарор дода шуд", - омадааст дар иттилои манбаъ.

Ҷонибҳо зимни мулоқоти самимӣ ба раванди татбиқи санадҳои қаблан ба имзорасида ва фаъолгардонии кори Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Озарбойҷон оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Сарони давлатҳо ҳамчунин дар рафти суҳбат оид ба масъалаи дарёфти роҳҳҳои нави таҳкими муносибатҳо дар бахшҳои барои ҳар ду ҷониб судовар табодули андеша карданд.

Лентаи хабарҳо
0