09:40 13 декабри 2019
Пахши мустақим
  • USD9.68
  • EUR10.78
  • RUB0.15
Эмомалӣ Раҳмон ва Син Ҷинпин

Раҳмону Ҷинпин фурӯши мева, таъсиси Фонд, маодин ва террору ҷудоихоҳиро баррасӣ карданд

пресс-служба президента РТ
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
311 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқот бо Син Ҷинпин, раисиҷумҳури Чин густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар  мулоқот Эмомалӣ Раҳмон содироти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон ба Чин, ташкили Фонди муштараки сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маъданро баррасӣ намудааст.

“Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои воридоти маҳсулоти хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи кишоварзии Тоҷикистон ба бозори Чин, ҷалби сармояи чинӣ барои рушди соҳаҳои саноати куҳӣ, энергетика, нақлиёт ва бахши кишоварзӣ, зарурати таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Чин ҷиҳати дастгирии молиявии лоиҳаҳои хурду миёнаи индустриалӣ, ҳамкорӣ дар бахши нақлиётию транзитӣ бо бунёди роҳҳои дорои аҳамияти минтақавӣ, таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркарди маъданҳо, баррасӣ карда шуд”, - омадааст дар иттилоияи котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои муҳими маориф, фарҳангию гуманитарӣ ва сайёҳӣ аз мавзуъҳои дигари мулоқот буд, ки сарони давлатҳо вобаста ба он табодули афкор  карданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, роҳбарони ҳар ду давлат омодагии худро барои идомаи муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, ҷудоихоҳӣ, ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, пешгирии гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар иброз доштанд.

“Барои таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла бо дарназардошти фаъол гардидани гуруҳҳои террористӣ дар Афғонистон таҳкими ҳамкорӣ дар ин самт зарур шумурда шуд”, - омадааст дар иттилоия.

Дар охири мулоқот Эмомалӣ Раҳмон барои кишвари Чин, ки имсол 70 - солагии таъсисёбиашро таҷлил менамояд, шукуфоии бештарро орзу кард.

Мавзӯъҳои асосӣ