13:30 10 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.19
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
126 0 0

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар шаҳри Пекин бо Ван Тсишан, муовини раисиҷумҳури Чин мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҷонибҳо зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар бисёр арсаҳои барои Тоҷикистону Чин судманд, аз ҷумла татбиқи муштараки иқдому ташаббусҳои “Як камарбанд, як роҳ”, “Роҳи иқтисодии Абрешим”-ро баррасӣ карданд.

Манбаъ афзуд, ки инчунин  иштироки Чин дар рушду пешрафти Тоҷикистон ва сармоягузории татбиқи лоиҳаҳои дорои аҳамияти минтақавӣ баррасӣ карда шуд.

“Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Чин - дӯстони нек, ҳамсояҳои хуб ва шарикони боэътимоди стратегӣ мебошанд”, - иттилоъ додааст котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон аз ҷараёни мулоқот.

Ҷонибҳо бо зикри Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 ва ташаббуси “Як камарбанд, як роҳ” таъкид кардаанд, ки ин ду стратегияи муҳим вазифаҳои монандро дар бар гирифта, татбиқи онҳо муносибатҳои Тоҷикистону Чинро таҳкиму густариш хоҳанд дод.

Мавзӯъҳои асосӣ