01:02 08 апрели 2020
Пахши мустақим
  • USD10.23
  • EUR11.16
  • RUB0.14
Сиёсат
Гирифтани линки кӯтоҳ
0 0 0

Эмомалӣ Раҳмон аз нашри китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва рӯнамоии он дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷиҳати муаррифии боз ҳам бештари давлати Тоҷикистон, қаноатманд шудааст

ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Дар доираи сафари корӣ ва ширкат дар Форуми дуюми ҳамкории байналмилалӣ “Як камарбанд, як роҳ”  Эмомалӣ Раҳмон ба Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин рафта, бо роҳбарият ва аъзои он мулоқот карданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии президент хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки сарвари давлатро роҳбарияти Академия самимона истиқбол гирифтанд.

Книга Э. Рахмона Таджики в зеркале истории на французском языке. Архивное фото
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Академияи илмҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Сие Фучжан мулоқот кард.

Раҳмон дар ин дидор,  гуфтааст, ки "Тоҷикистон ба густариши ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла илму маориф таваҷҷуҳи хос дорад".

"Бояд раванди ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, доир намудани конфронсу форумҳои илмию назариявӣ, ҳамчунин омӯзиши таъриху фарҳанги миллати тоҷику чинӣ,  тақвияти бештар ёбад",-таъкид кард Эмомалӣ Раҳмон.

Манбаъ афзуда, ки президент аз нашри китоби пурарзиши “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва рӯнамоии он дар Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин ҷиҳати муаррифии боз ҳам бештари давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик қаноатмандӣ намуданд.

 

 

Мавзуъ

Раҳмон дар Чин аввал бо Мирзиёев мулоқот кард

Мавзӯъҳои асосӣ